Ҳабси Раҳимов барои напардохтани қарзи "Имон Интернешнл"

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавони 33 – соларо ба ҷурми ғайриқонунӣ аз худ кардани қарзи “Имон Интернешнл” ба ду солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Додгоҳ Одилҷон Раҳимов, сокини 33-солаи кӯчаи Шодмонии шаҳри Душанберо барои напардохтани қарз ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард.
Ба иттилои котиботи додгоҳ, Раҳимов 13 декабри 2017 аз филиали ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, барои таъмири автомашина ба муҳлати 36 моҳ бо меъёри 36,5 фоиз дар як сол 25 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ гирифтаст.
Бино ба ин манбаъ, тибқи маълумотномаи "Имон интернешнл" аз 22 январи 2021, маблағи қарзи Одилҷон Раҳимов ҷамъ 52 ҳазору 368 сомонӣ шудааст, ки аз ин 22 ҳазору 478 сомонӣ қарзи асосист ва боқимонда фоизу изофапулӣ барои саривақт иҷро накардани уҳдадорӣ мебошад.
“Мавсуф бо маслиҳати пешакӣ бо Ҷонибек Аҳадов - намояндаи филиал - 25 ҳазор сомониро гирифта, маблағро бо ҳам тасарруф намудаанд. Намояндаи филиал барои қабули маълумоти таҳрифшудаи вазъи молиявии Одилҷон Раҳимов мусоидат намудааст. Судшаванда худро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор ҳисобид”, - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Қарори Ҳукумат барои гирифтани миллиардҳояш аз “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”
Додгоҳ дар пайи баррасии аъмоли Одилҷон Раҳимов ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди 4 соли маҳрумият аз озодӣ дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр ва маҳрумият аз ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати ду сол таъин кард. Чораи пешгирӣ нисбати мавсуф забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат тағйир дода шуда, ӯ дар толори маҷлиси судӣ ба ҳабс гирифта шуд.
Дафтари матбуоти додгоҳ афзудааст, ки бар асоси қонуни афв аз соли 2019 муҳлати сипаринашудаи ҷазои асосӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодии Одилҷон Раҳимов аз се як ҳисса кам карда шудааст. Сарнавишти Ҷонибек Аҳадов, намояндаи филиали “Имон Интернешнл” дар хабари суд дарҷ нагардидааст.