ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дар таърихи чемпионатҳои Аврупо дар бозиҳо дар майдони худ ягон тим бо фарқияти беш аз ду гол набохта буд.
Дар бозии Русия – Белгия, ки рӯзи шанбе дар Санкт-Петербург баргузор шуд, дастаи меҳмон ба дарвозаи мизбон се голи беҷавоб фиристод. Ду голро Ромелу Лукаку ва голи дигарро Том Мюнйе ба номашон сабт карданд.
Мураббии тими миллии Русия Станислав Черчесов голи нахустинро ҳалкунанда номид. Ба гуфтаи ӯ, тӯби аввал ба футболбозони тими миллӣ аз ҳад зиёд таъсири маънавӣ расонд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Аврупо оид ба футбол - 2020 рӯзи 11 июн оғоз ёфт. Мусобиқа то 11 июл идома хоҳад кард. Аввалин бор дар таърих, Евро-2020 дар 11 шаҳри ҷаҳон баргузор мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳии чемпионат 24 даста, аз ҷумла Русия ширкат доранд.