ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи барномаи кории худ имрӯз бо зиёиёни ду кишвар дар Қасри маданияти “Арбоб” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот оростанд.
Дар ин мулоқот Наврӯза Мамирова, муҳаррир ва барандаи телевизиони вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ кард.
Сӯханронии ӯ аз дигарон бо он фарқ дошт, ки ҳам тоҷикӣ буду ҳам ӯзбекӣ.
Қироати мисраҳои як шеър бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ин ду президентро ба ваҷд овард, онҳо ва ҳама аҳли толор аз ҷой хестанд ва кафкубӣ карданд.
Аз аксҳое, ки хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонидаанд, дида мешавад, ки баъди анҷоми мулоқот президентҳо ба назди муҳаррир ва барандаи ТВ Суғд омада, ба маҳорати шеърхонияш аҳсану офарин хонданд.
Субҳи имрӯз 11 июн Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафараш ба Тоҷикистон аз Душанбе ба Хуҷанд омад. Ин аввалин сафари ӯ ба ин шаҳри шимоли Тоҷикистон гуфта мешавад. Ӯро дар ин сафараш раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ намуд.
Дар ҷараёни сафари худ президентҳо аз коргоҳи истеҳсолии “Қолинҳои Қайроққум”, обанбори “Баҳри Тоҷик” ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар боғи “Ваҳдат” боздид кардаанд. Асри имрӯз сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон поён ёфт ва ӯро дар Фурудгоҳи Хуҷанд раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.