ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Дамиан Тарел, шаҳрванди Фаронса, ки рӯзи 8 июн Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронсаро шаппотӣ зад, аз сӯи додгоҳ ба 18 моҳи зиндон маҳкум шуд.
Тибқи иттилои РИА Новости номбурда 4 моҳро дар ҳабс пушти сар мекунад ва 14 моҳи дигар шартан дар озодӣ мемонад.
Моддае, ки Тарел бар асоси он муҳокима шуд, то 3 соли зиндон ва ё ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
Ҳодисаи шаппотӣ задани Эммануэл Макрон дар ҷанубу шарқи Фаронса рух дод. Макрон назди ҳаводоронаш баромад. Он лаҳза Тарели 28-сола, ки миёни мардум буд, президентро шаппотӣ зад. Тарел дар додгоҳ гуфт, аз кардааш пушаймон нест. Вай ҳамчунин дар додгоҳ гуфтааст, ки Макрон "кишварро заиф" месозад.
Бояд қайд кард, ки Макрон ба ин ҳодиса аҳамияти чандон зиёде надода, таъкид доштааст, мулоқотҳояшро бо интихобкунандагон идома медиҳад.
Бархе аз сиёсатмадорони фаронсавӣ, аз ҷумла рақибони Макрон ҳодисаи шаппотӣ задани ӯро маҳкум карданд.