ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори умедворӣ карданд, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - ду давлати бародар ва муттаҳидони муҳими стратегӣ мебошанд. Солҳои охир дӯстӣ ва шарикии стратегии мо дар ҳама соҳаҳо маълум шуданд ва умедворам, ки мулоқоти имрӯзаи мо низ самарабахш хоҳад буд", - гуфт Раҳмон дар оғози мулоқот бо Мирзиёев.
Раҳмон кумаки Ӯзбекистонро барои рафъи пандемияи коронавирус қайд кард. Илова бар ин, сарвари Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ишора кард.
"Мо ҳамеша дар созмонҳои мухталифи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои амният ва вазъи Афғонистон ба таври муттаҳид сухан мегӯем", - таъкид кард Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки минбаъд дар тамоми соҳаҳо: сиёсат, амният, иқтисод, илм, фарҳанг ва маориф рушди минбаъдаи пешрафта ба даст хоҳад омад.
"Мо ба ин боздид аз қабл омодагӣ медидем ва тамоми заминаи меъёрӣ ва қонунгузориро омода карда будем. Боиси қаноатмандист, ки як рӯз пеш дар форуми тиҷоратӣ ба маблағи 730 миллион доллар шартномаҳо ба имзо расиданд", - гуфт Мирзиёев дар навбати худ.
Раҳбари Ӯзбекистон қайд кард, ки вазъияти Афғонистон воқеан муносибати боэҳтиётро талаб мекунад, алахусус вақте ки вазъ дар марз шадидтар шудааст.
Мирзиёев гуфт, ки Ӯзбекистон ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мошинсозӣ, технологияҳои баланд, илм, маориф ва кишоварзӣ умедвор аст.
"Ман фикр мекунам, ки сафари имрӯза пурсамар хоҳад буд ва мо ҳама санадҳои омодашуда ва мувофиқаро имзо хоҳем кард", - афзуд ӯ.
Сафари сарвари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари дурӯзаи Мирзиёев раҳбарон ба қисмати шимолии кишвар рафта, зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғдро омӯзанд.