ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Бохтар ба қаблуи меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон омодагии ҷиддӣ дидааст. Манобеи Ховар менависад, ки шаҳр симои идона дорад, ҳама ҷо сурудҳо бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ садо медиҳанд.
Кӯчаву хиёбонҳо ба пешвози кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оро дода шуда, дар ҳама ҷо банерҳои калон бо акси роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон овезон шудааст.
Манбаъ меафзояд, соҳибкорони ҳамсоякишварро бо нону намак, карнаю сурнай ва рақсу бозӣ пешвоз гирифтанд.
Бахтиёр Бекназаров яке аз соҳибкорони Ӯзбекистон ба ин манбаъ таассуроташро аз пешвозгирии ҳайати он кишвар чунин иброз намудааст:
"Мо интизор надоштем, ки моро ин тавр ботантана пешвоз мегиранд. Басо хушоянд аст, ки ҳамсояҳои тоҷикамон хеле самимона моро пешвоз мегиранд".
Интизор меравад, ки соатҳои наздик ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шавад. Дар ин ҳамоиш 175 нафар соҳибкорон ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатии Ӯзбекистон ва инчунин беш аз 140 нафар соҳибкор аз давлати ҳамсоя иштирок мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, фардо 10 июн худи роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ вориди Тоҷикистон мешавад.
Рӯзи гузашта теъдоди зиёди овозхонҳои саршиноси Ӯзбекистон аллакай ба Тоҷикистон омаданд ва интизор аст бо ҳузури ҳар ду раисиҷумҳур барномаи фарҳангии "Шоми дӯстӣ" баргузор гардад.