Эълони ҷазои Абдураҳмонова барои куштори пурсарусадои Аҳмадҷони 7 – сола - видео

Додгоҳи шаҳри Душанбе Муборак Абдураҳмонова, сокини 53-солаи ноҳияи Синоро барои куштори кӯдак ба 16 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Додгоҳ Муборак Абдураҳмоноваро дар куштори кӯдаки 7-сола, хешованди шавҳараш гунаҳкор донист.
Бо қарори додгоҳ, ӯ ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Ба иттилои додгоҳ, маҳкумшуда кӯдакро бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш даъват намуда, латукӯб намудааст ва сарашро ба девор задаст. Мақомот сабаби ин ҳодисаро хусумати оилавӣ гуфтаанд.
Ёдрас мешавем, қазияи пурсарусадои куштори кудаки 7-сола, 5 марти соли равон дар кӯчаи Кошевойи шаҳри Душанбе рух дод.
"Оча бас, гуфтам": Писар чӣ гуна модарашро кушту худро фарзанди ғамхор вонамуд кард-видео
Ҳамон рӯз, Аҳмадҷон Абдураҳмонов, хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50-и шаҳри Душанбе баъд аз дарс ба хона барнагашт. Пас аз чанд соати ҷустуҷӯ ҷасади кӯдакро аз манзили ҳамсоя ва хешовандашон - амаки падараш, оғӯштаи хун пайдо карданд.
Худи маҳкумшуда дар як гузориши видеоии ВУД дар шарҳи ҳодиса гуфт, "Аҳмадҷон хез- хез, чува оба нахӯрдӣ, чува оба нахӯрдӣ, задам. Баъд овардам инҷа. Хуна дидам тарсида, ларзида паспорта гирифтаму куртама гирифтаму гурехтам".
Баъди чанд рӯзи ҳодиса муттаҳам боздошт гардида, бо қарори додгоҳ барои 16 сол равонаи зиндон шудааст.