Дар Суғд ду наврас аз марг наҷот ёфтанд

Ин ду наврас, ки яке 10 ва дигаре 14 - сола аст, дар ҷойи барои шиноварӣ мамнӯъ машғули оббозӣ буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд ду ноболиғи 10 ва 14 - сола аз марг наҷот ёфтанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ба иттилои манбаъ, наврасон, ки сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд, рӯзи 7 июн дар рӯди Сир дар маконе шиноварӣ намуданд, ки барои оббозӣ комилан манъ аст.
Ноболиғон фавран аз ҷониби навбатдорони ин ниҳод наҷот дода шуданд.
Навраси тоҷик дар Русия ба хотири наҷоти мактабхон ғарқ шуд
Пас аз берун овардани наврасон аз дохили об, дар ҷойи ҳодиса ба онҳо кумаки аввалия расонида шуд ва зарурати интиқол додани онҳо ба бемористон мавҷуд набуд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз меҳмонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар мавсими оббозӣ аз эҳтиёт кор гиранд ва дар маконҳое, ки барои шиноварӣ тавсия дода намешавад, дохили об нашаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ду рӯзи истироҳатӣ 5 нафар бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд, ки 3 нафари онҳо кӯдакон ҳастанд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 6 июн ду хоҳари 15 ва 11- сола, сокинони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ шуданд.
Худи ҳамон рӯз, дар шаҳри Норак як кӯдаки 5 - сола дар дарёи Вахш ғарқ гардид.
Ҳамчунин ду сокини 19 ва 33 - солаи Варзобу Бадахшон низ дар рӯзҳои истироҳатӣ ғарқи дарё шуданд.