ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз раҳбарони кишварҳои доро бори дигар хост, ки барномаи эмкунии зидди COVID-19-ро, ки СММ барои кишварҳои нодор роҳандозӣ кардааст, дастгирӣ намояд.
Дар муроҷиат ба раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона, ки ба он пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон шомил мешаванду ҳафтаи ҷорӣ дар Англия ҷамъ меоянд, Тедрос Аданом Гебреусес хост, раҳбарон вокуниши ҳамоҳангшуда ба дастрасии кишварҳои нодор ба воксинаро ба намоиш гузоранд.
Ба гуфтаи раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бо гузашти шаш моҳ аз шурӯи эмкунии зидди COVID-19, дар кишварҳои сарватманд дастрасии воксина тахминан 44 дарсад ва дар кишварҳои нодор 0,4 дарсадро ташкил додааст.
Вай таъкид дошт, ки дар давоми моҳҳо ин омор тағйир намеёбад.
Дар назди Созмони ҷаҳонии беҳлдошт барномаи бо номи COVAX таъсис шудааст, ки махсус барои ёрӣ ба кишварҳои нодор аз назари таъмини воксинаи зидди COVID-19 амал мекунад.
Тоҷикистон ҳам дар доираи ин барнома даҳҳо ҳазор дода воксина дарёфт кардааст, вале он дарсади хеле ками аҳолиро фаро мегирад.