ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Дар маркази шаҳри Бишкек ду тазоҳурот ҷараён дорад.
Тақрибан 100 нафар дар Майдони кӯҳнаи назди бинои ҳукумат ҷамъ омаданд.
Онҳо талаб доранд, ки Орхан Инандаро пайдо кунанд ва хотиррасон кунанд, ки ӯ шаҳрванди Қирғизистон аст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Митинги дигар дар даромадгоҳи ғарбии бинои ҳукумат ҷараён дорад - даҳҳо кишоварзони минтақаи Чуй талаб доранд, ки масъалаи обёрӣ ҳал карда шавад.
Ба гуфти онҳо, норасоии об дар моҳҳои охир эҳсос мешавад ва ин ба нобудшавии ҳосил таҳдид мекунад.
Гум шудани Орхан Инанда
Президенти шабакаи литсейҳои "Сапат" Орхан Инанда, зодаи Туркия субҳи барвақти 1 июн дар Бишкек нопадид шуд. Мошини ӯ бо дари боз дар кӯчаи Малдибоев ёфт шуд, аризаро дар бораи нопадид шудани мард, писараш навишт.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дод, ки ҷустуҷӯро шадидтар кунанд.
Ҳимоятгари "Сапат" Зоотбек Кудайбергенов фарзияи одамрабоиро истисно намедонад. Вай қайд кард, ки Инанда аз соли 2012 шаҳрванди Қирғизистон аст.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар навбати худ хабар дод, ки ду сол пеш ба Орхан Инанда дар бораи таҳдиди рабудан ҳушдор шуда буд.
Шабакаи муассисаҳои таълимии "Себат" соли 2017 ба "Сапат" тағйири ном кард. Акнун Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз муассисон мебошад.
Пештар хабар дода шуд, ки ба муассисон се шаҳрванди Қирғизистон - Майрамбек Ҷумалиев, Ҷолдошалӣ Кочконбоев ва Орхан Инандӣ шомиланд.