Ғарқшавии 5 нафар тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон: ду нафараш хоҳаронанд

Тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон панҷ нафар ҳалок шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, 5 нафар бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ғарқ шуданд, ки 3 нафари онҳо кӯдакони ноболиғ мебошанд.
Ҳаминтавр, 6 июни ду хоҳар - 15 ва 11- сола, сокинони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ шуданд. Ҷасади онҳоро ёфта ба пайвандонашон супурданд.
"Худи ҳамон рӯз, дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон, як духтари 5-сола аз беэҳтиётӣ ва беназоратии волидон дар дарёи Вахш ғарқ шуд. Ҷустуҷӯи кӯдак идома дорад", - афзудааст манбаъ..
Дар рӯзҳои истироҳат, сокинони 19 ва 33-солаи минтақаҳои Варзоб ва Шуғнони ВМКБ дар дарёҳои Варзоб ва Кафарниҳон бо дағалона вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд.
Ғарқшавии се наврас давоми як рӯз дар Тоҷикистон: танҳо ҷасади якеро ёфтанд
Ба гузориши КҲФ ҷасади сокини ноҳияи Варзоб дарёфт шуда, ҷустуҷӯйи ҷасади сокини ноҳияи Шуғнон идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо изҳори ҳамдардӣ ба пайвандони ҳалокшудагон, бори дигар даъват кардааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд ва дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд ва ҳангоми шиноварӣ бехатариро риоят кунанд.