Пушаймониҳои Таҳмина ва тарс аз баргаштан ба Тоҷикистон - видео

Ниёзова мегӯяд, аз он пушаймон аст, ки замоне пешниҳоди дохил шудан ба Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесенро напазируфт
Sputnik
Таҳмина Ниёзова, овозхони поси тоҷик, ки ба қасди Маскав, Душанберо тарк карда буд, ҳоло дар бахши чоруми Донишкадаи санъати муосири Русия таҳсил мекунад.
Таҳмина мегӯяд, пас аз иштирок дар озмуни "Панҷ ситора. Интервидение" бахт ба рӯи ӯ хандида буд, аммо мутаассифона аз ин шонсаш истифода накард.
Ҳоло тахмина пушаймон аст ва таҳсил дар Донишкадаи санъати муосири Русия ӯро рӯҳбаланд мекунад.
Ин овозхон ҳамчунин аз боби то ҳол муҷаррад будани худ ҳарф зад ва гуфт назари мардум бобати ин масъала ӯро каме нигарону ғамгин мекунад.
Таҳмина мегӯяд, аз он метарсад, ки ҳинни ба ватан баргаштан нахустин суол ҳатман ин хоҳад буд, ки кай издивоҷ мекунад.
Фирор аз шӯҳрату радди ҳамсари 2 шудан: чаро Таҳмина Ниёзова Душанберо ба Маскав иваз кард
Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон пешниҳодҳо албатта зиёд будааст, аммо яке нуқта гузоштан дар фаъолияти ҳунарияшро талаб мекарду дигаре мехост ӯро зани дуюм гирад.
Ниёзова мегӯяд, дар интизори нафарест, ки ӯро ҳамингунае, ки ҳаст қабул кунад ва талаби қурбони худу ҳунарашро тақозо накунад.
Ин овозхон орзу дорад, ки дар Душанбе шӯъбаи вокали поп-ҷазро боз кунад.
Ҳамчунин ният дорад, нахустин консерти инфиродии худро дар зодгоҳи падарбузурги худ барпо кунад ва маблағи ин барномаро барои кӯдакони гирифтори саратон бибахшад.