ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки чанд рӯзи охир дар кишвар ҳаво ниҳоят тафсон мешавад.
"Дар баробари гармӣ, ҳаво пур аз чангу ғубор хоҳад шуд, ки ба саломатии шаҳрвандон метавонад таъсири баде гузорад", - таъкид мешавад дар хабари кумита.
Манбаъ меафзояд, ҳаво то 45 дараҷа гарм мешавад, ки ба маҳалҳои кӯҳиву назди кӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ хатар дорад.
Зеро гармои шадид боиси об шудани пиряхҳо ва сероб кардани рӯду каналҳо мегардад, ки дар натиҷа имкони фаромадани селро афзун мекунад.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ аз меҳмонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар чунин вазъи ҳаво ба саломатии худ бештар диққат диҳанд ва ҳамзамон барои пешгирии харобиҳои селу лойоба, ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаю каналҳо тоза карда шаванд.