Авбошии чор навраси 17 - сола дар Душанбе: якеро корд заданд

Наврасон аз ҳиссиёти авбошӣ ба ҳамдигар дарафтода, шадидан якдигарро кӯфтанд. Ҳатто яке аз ноболиғон аз захми корд бистарии беморхона шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз як ҷинояти авбошӣ хабар медиҳад, ки чор навраси 17 - сола онро содир намудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 4 июн, тахминан соати 10:30 дақиқа рух дод.
Ноболиғон дар кӯчаи Авестои шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ байни ҳамдигар ҷанҷол намуда якдигарро латукӯб намуданд.
Манбаъ меафзояд, яке аз наврасон бо истифода аз корд ба пойи чапи ҳамсоли худ зарба расондааст, ки дар натиҷа охирон бистарии беморхона гардид.
Се корд ба шикаму пушташ задааст: боздошти ҷавон барои қатли маъшуқаи 19-сола
ВКД Тоҷиикстон ҳамчунин аз як ҷинояти дигари авбошӣ хабар дод, ки субҳи барвақти рӯзи 4 июн сурат гирифтааст.
Ин навбат, дар маҳаллаи Гипрозем, назди мағозаи "Сабрина" як марди 31 ва ҷавони 20 - сола, сокини 28 - солаи ноҳияи Рӯдакиро нахуст таҳқиру ҳақорат ва сипас шадидан кӯфтанд.
Зимнан, бо истифода аз кор, 5 маротиба ба пойи ҷабрдида зарба расонданд.
ВКД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.