Қарори Ҳукумат барои қиматии бархе аз маҳсулоти зараровар: Раҳмон имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қарори Ҳукумат барои зиёд кардани андозбандии бархе аз маҳсулотро имзо кардааст. Андозбандии ин молҳо, ки мақомоти тандурустӣ онҳоро зараровар мехонанд, тайи се соли охир дар кишвар то 19 баробар зиёд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, қарори Ҳукумат таҳти рақами 199 барои зиёд кардани андозбандии маҳсулоти тамоку ва маводи ивазкунандаи онро имзо кардааст.
Аз ҷумла бар асоси қарори ҷадид, андози аксизии як ҳазор дона сигар аз 8,5 евро ба 17 евро ва як ҳазор дона сигарет аз 9,8 евро ба 19 евро баланд бардошта шуд.
Андози аксизии молҳои саноатии ивазкунандаи тамоку аз 35 фоиз то ба 70 дарсад зиёд гардид.
Бе боҷу андоз: Раҳмон қарори Ҳукумат барои арзонии ғизою сӯзишвориро имзо кард
Дар қарори имзокардаи раисиҷумҳур, таъкид шудааст, ки ин санад як моҳ баъди нашри расмияш мавриди амал қарор дода шавад. Худи қарор таҳти рақами 199 рӯзи 27 майи соли равон имзо гардидааст.
Раиси Ҳукумат Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки аз қабули қарори мазкур котиботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро огоҳ созад.
Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон бори охир қарори боло бурдани андози аксизии маҳсулоти тамоку ва спиртиро моҳи июни соли 2018 қабул карда буд. Он замон андози аксизии 1000 дона сигар аз 0,8 евро ба 8,5 евро ва андози аксизии 1000 дона сигарет аз 1 евро то ба 9,8 евро зиёд шуда буд.