ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, лоиҳаи протоколеро тасдиқ кард, ки бар асоси он ба созишнома бо Ҳукумати Ӯзбекистон аз 9 марти соли 2018, дар мавриди сафари тарафайни шаҳрвандон тағйирот ворид мегардад.
Бар асоси ин лоиҳа, ки дар арафаи сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон тасдиқ гардид, сафари тарафайни шаҳрвандони ду кишвар бидуни сабт хоҳад буд.
Аз ҷумла ба созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди омадурафти шаҳрвандон банди нав дохил мегардад, ки дар он таъкид шудааст, шаҳрвандони ду кишвар ҳангоми омадурафт ба қаламрави ҳамдигар тайи 10 рӯзи корӣ баъди убури марз аз сабту қайди муваққатӣ дар мақомоти дахлдор озод карда мешаванд.
Инчунин таъкид шудааст, ки агар қонунгузории яке аз кишварҳо шароитҳои беҳтаре аз ин созишномаро фароҳам орад, он меъёрҳои қонунгузории миллӣ амал хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 дар назар дошта шудааст. Дар пасманзари марзбандиҳои Қирғизистон содасозии ҳамлу нақл ва сафари шаҳрвандон яке аз мавзӯъҳои калидӣ бо Ӯзбекистон шудааст.
Аз ҷумла ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон, муовини сарвазири ин кишвар Сардор Умурзоқов рӯзи 5 июн бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, омодасозии ҳуҷҷатҳоеро, ки имзояшон зимни сафари Мирзиёев дар назар аст, баррасӣ карданд.
Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон гуфт, дар ин мулоқот имкони эҳёи хатсайри автобусҳо миёни шаҳрҳои калони ду кишвар, аз ҷумла Тошканд, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва ғайра баррасӣ гардиданд. Созиш шудааст, ки бренди “Роҳи Абрешим” ва лоиҳаҳои рушди “зиёрат – сайёҳӣ” равнақ дода шаванд.
Таъкид шудааст, ки дар доираи сафари Мирзиёев ба Душанбе имзои як қатор созишномаҳо дар назар аст, аммо мушахассан ягон санад зикр нагардидааст.