ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти Завқизода Завқӣ Амин, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо муовини сарвазириӮзбекистон, Сардор Умурзоқов ба афзоиши додугирифту рушди тавлидот таъкид шуд.
Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо азмашонро барои то ба 1 миллиард доллари ИМА расонидани гардиши савдои дуҷониба баён доштаанд.
Инчунин барои зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои рушди содирот ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд, омадааст дар иттилоия.
Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳҳои январ-апрели соли 2021 гардиши савдои дуҷониба 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 133 миллион доллари ИМА баробар гардид.
Вазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон инчунин масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани сафари расмии раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Мирзиёев Шавкат Миромоновичро ба Душанбе баррасӣ карданд.
Завқӣ Завқизода қайд кард, ки аз ҷониби раисиҷумҳур,Эмомалӣ Раҳмон барои омодагии ҳаматарафа ва мувофиқанамоии маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба барои имзо ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дастур дода шудааст.
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳафтаи оянда рӯзҳои 10 – 11 июн дар назар аст.