ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон баромади худро дар яке аз мусобиқоти асосии мавсими ҷорӣ - Қаҳрамонии Осиё оид ба cамбо дар Тошканд оғоз кард.
Дар маҷмӯъ, барои мардон ва занон дар се категорияи синну сол (писарон, наврасон ва калонсолон) 67 маҷмӯи медалҳо дар самбои варзишӣ ва муҳорибавӣ бурд карда мешавад.
Варзишгарони Осиё дар ин мусобиқа аз рӯи нӯҳ категорияи вазн байни калонсолон дар намудҳои варзиш ва самбои размӣ, инчунин дар даҳ категорияи вазнӣ байни наврасон рақобат мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 15 самбочӣ намояндагӣ мекунанд.
Дар рӯзи аввали рақобат дар сабқати калонсолон Ҳамроз Раҷабов дар вазни 79 кг қаҳрамон шуд. Дар ҳамин вазн, ҷои сеюмро Убайди Деваштич ишғол кард. Хуршед Маҷидов (+98 кг) ва Масъуд Куканшоев (58 кг) медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.
Дар сабқати наврасон Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни 71 кг қаҳрамон шуд. Озодбек Назарбекзода дар вазни 88 кг медали нуқра гирифт. Ҷаҳонгир Камолов (64 кг) медали биринҷиро ба даст овард. Дар самбои размӣ бошад, дар вазни 64 кг Сорбон Латифов барандаи медали биринҷӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки пеш аз пандемия Чемпионати Осиё оид ба самбо дар Ҳиндустон баргузор мешуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ёздаҳ ҷоизаи медал ба даст оварда буд.
Ёдовар мешавем, ки мавсими гузашта, ба сабаби пандемия, Федератсияи байналмилалии самбо як қатор мусобиқаҳо, аз ҷумла Чемпионати Осиёро лағв кард.
Инчунин қаблан маълум шуд, ки дар соли 2022 Тоҷикистон мизбони як мусобиқаи муҳими континенталии самбо байни дастаҳои Осиё мешавад. Интизор меравад, ки дар соли 2022 Тоҷикистон кишвари мизбони чемпионати қитъавӣ гардад.
Ин тасмим дар Конгресси Иттиҳоди самбои Осиё (ASA), ки дар Тошканд баргузор шуд, гирифта шудааст. Дар чорабинии расмӣ намояндагони 22 кишвар ширкат варзиданд.