Ҳамтои кобулии Рустами Эмомалӣ ва сафари чоррӯзаи ӯ ба Тоҷикистон

Муҳаммад Довуд Султонзуй, шаҳрдори Кобул - пойтахти Афғонистон, вориди шаҳри Душанбе шудааст. Сафари ӯ чор рӯз давом мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 05 июн – Sputnik. Маркази матбуоти сафорати Афғонистон дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Муҳаммад Довуд Султонзуй бо ҳайате аз маъмурони шаҳрдории Кобул ва шӯрои намояндагони Афғонистон ба Душанбе омадааст.
“Ин ҳайат рӯзҳое, ки дар Тоҷикистон истироҳат аст, бо гулкориву сохтмонҳои пойтахти Тоҷикистону ва дигар диданиҳову ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Қалъаи Ҳисор ошно мешавад. Барномаи кории ҳайат аз рӯзи душанбе шуруъ мешавад. Қарор аст, оқои Султонзуй бо шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ низ мулоқот кунад ва санадҳое ҳам барои ҳамкориҳои пойтахтҳои ду кишвари ҳамсоя имзо хоҳад шуд”, - гуфт манбаъ.
“Ситораи афғон” ва зодаи Эрон: атташеи нави фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон кист?
Муҳаммад Довуд Султонзуӣ, як аз чеҳраҳои маъруфи Афғонистони имрӯз буда, аз тими Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, президенти феълӣ аст ва дар ду интихоботи ахири президентии он кишвар аз ӯ ҳимоят кардааст.
Ӯ дар гузашта намояндаи парлумон, муҷрии барномаи вижае дар ТВ “Тулуъ” ва мушовири президент Ашраф Ғанӣ буд. 1 апрели соли 2020 ӯ бо фармони Ашраф Ғанӣ шаҳрдори Кобул таъин шудааст.
Дар таърихи Афғонистон як кори дигари ӯ зикр мешавад, ки моҳи октябри 1986 вақте халабони ширкати ҳавопаймоии “Ориёно афғон ҳавоӣ” буд, як тайёраи ҷангии МИГ 21-ро аз майдон ҳавоии Багром рабуда, ба Покистон интиқол дода буд.