ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Як худрав аз кортежи раисҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов дар минтақаи Иссиқкӯл ба садама дучор шудааст. Дар натиҷа як корманди хадамоти 9-уми Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷон бохт, иттилоъ дод хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.
Манбаъ қайд кардааст, худраве, ки ба шахсони ҳамроҳикунанда вобаста буд, дар як қитаъаи роҳ дар наздикии деҳа ба худраве, ки ба самти муқобили роҳ баромад бархӯрдааст.
Тибқи маълумоти пешакии хадамоти матбуоти расиҷумҳур, ронандаи худраве, ки ба самти муқобили роҳ баромад, маст будааст.
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, се нафар маҷруҳ ва як нафар - корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ҷон бохтааст.
Таъкид шудааст, ки худи Ҷабборов дар ин садама осеб надидааст.