Афғонистон дар Тоҷикистон бозори муштараки "Дӯстӣ" бунёд мекунад

Дар шаҳри Душанбе Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Вазири саноат ва савдои Афғонистон, Нисор Аҳмад Файзи Ғорианӣ дар ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, пешниҳод намуд, ки кишвари Афғонистон бо мақсади таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тасмим гирифтааст, дар Тоҷикистон бозори муштараки "Дӯстӣ" бунёд намояд.
Вай таъкид доштааст, ки ин бозор ба хотири он бунёд мешавад, ки дар он доираҳои соҳибкорию тоҷирони ҳар ду кишвар тавонанд бо мақсади тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ва фаровон гардонидани молу маҳсулот фаъолияти густурдаро ба роҳ монанд.
Вазири саноати Афғонистон афзуд, ки бунёди бозори "Дӯстӣ" дар Тоҷикистон бо иштироки тоҷирони афғон на танҳо ба тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ, балки он дар эҳёи фарҳанги қадимаи тиҷорат дар ҳошияи Шоҳроҳи бузурги Абрешим мусоидат менамояд.
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни тоҷирони Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон дар Душанбе
Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки дар амал татбиқ намудани ислоҳоти соҳаи саноат, ҷалби сармоя, воридоти таҷҳизоту технология нави замонавӣ, дарёфти шарикони ҳамкор, дар маҷмуъ ба афзоиши табодули мол ва тиҷорати беруна, иқтидори содиротии Тоҷикистон ва рушди иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон барои омӯхтани талаботи бозори истеъмолии ҳар ду давлат бо мақсади дарёфти сармоягузорон барои ташкили корхонаҳои муштарак дар бахши коркарди ашёи хоми маъданӣ ва кишоварзӣ ба манфиат аст.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки дар доираи қонунгузории амалкундаи кишвар барои рушди ҳамкории иқтисодӣ, хусусан ҷалби сармоя дар тамоми соҳаҳо бо доираҳои соҳибкории Афғонистон ҳамкории мутақобилаи судмандро ба роҳ монда, тақвият бахшад.
Ёдрас мешавем, ки гардиши мол байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соли 2020 беш аз 70 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Мошинҳои русӣ дар Тоҷикистон истеҳсол ва ба Афғонистон фурӯхта мешаванд
Барои густаришу тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба миёни минтақаҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла муомилоти тиҷоратӣ, то ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Афғонистон шаш пули фаромарзӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳамзамон корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди пули ҳафтум дар мавзеи Кокул – Ойхонум вақтҳои наздик оғоз мегардад.
Феълан дар сарҳади ду давлат 4 бозори тиҷоратии наздисарҳадӣ- “Тем” (Хоруғ), “Ишкошим” (Ишкошим), “Рузвай” (Дарвоз) ва “Хумроғӣ” (Ванҷ) фаъолият менамоянд. Инчунин дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ- “Панҷ”, “Кӯлоб”, “Данғара” ва “Ишкошим” таъсис дода шудааст.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Афғонистон ба ҳайси ду кишварти ҳамҷавор бо мақсади тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Мақомдорони тоҷик таъкид доштанд, ки байни ду давлат дар бахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ имкониятҳои фаровони истифоданошуда ҳанӯз зиёд аст.
Дар ин росто, пешниҳод гардид, ки бо мақсади баррасии мушкилоте, ки дар робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду давлат вуҷуд дорад, бояд Комиссияи махсус ташкил дода шавад.