ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Дар масири ноҳияи Рӯдакӣ садамаи нақлиётӣ сар зад, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва яки дигар бистарии беморхона шуд
Бар хабари Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, сонеҳаи нақлиётӣ рӯзи 31 - май, тахминан соати 11:30 дақиқа рух додааст.
Ронандаи 39 - сола, ки худ сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти Рӯдакӣ дар деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба чуқурии канори роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири 22 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон интиқол дода шуд.
Ронанда бошад, аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.