Ихтирои аҷиби навраси 16 - сола дар Хатлон: худ ҳаракат мекунаду алла мехонад - навор

Исломҷон Ҷалилов ҳамагӣ 16 сол дорад, вале дар озмунҳои зиёди ихтироъкорон иштирок кардаву ҷойҳои ифтихориро азхуд намудааст
Sputnik
Аробачаи маъюбӣ, асбоби шамолдиҳӣ, роботи забондон ва гаҳворае, ки мушкили занони тоҷикро метавонад сабук кунад, аз зумраи ихроъкориҳои Ҷалилови наврас мебошад.
Ихтирооти хонандаи синфи 9 -и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 2 дар шаҳри Кӯлобро, сомонаи Jom.tj дар сафҳаи интернетии худ ҷо додааст.
Манбаъ меафзояд, Исломҷон корашро аз қоғазпораҳо шурӯъ кардааст ва ҳоло офаридаҳои ӯ амалан ҳаракат мекунанд.
Яке аз дастранҷҳои ин навраси боҳуш гаҳвора мебошад, ки ба барқ пайваст аст ва ҳам ҳаракат мекунаду ҳам алла мехонад.
Ихтирои аҷиби навраси 16 - сола дар Хатлон: худ ҳаракат мекунаду алла мехонад - навор
Муаллифи ин гаҳвора мегӯяд, онро барои занони тоҷик мебахшад, чун серкор ҳастанд ва доштани гаҳвораи аллагӯ мушкили онҳоро то каме сабук мекунад.
Исломҷон ҳамчунин барои маъюбон, аробача ихтироъ кардааст.
Инчунин роботеро офаридааст, ки бо се забон "сипосгузорӣ" мекунад.
Ҷалилов мегӯяд, роботи истеҳсолкардаи ӯ бояд дар боғу гулгаштҳо истифода шавад ва шояд мардум ба хотири ӯ партобро на дар кӯчаҳо, балки дохили он, ҷо медиҳанд, зеро барои партоби партофташуда робот бо се забон раҳмат мегӯяд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш як навраси дигари тоҷик ҳавопаймои бесарнишин сохт ва изҳор дошт, ки онро барои таъмини амният дар марз офарид.