Шиносоии раисон бо сохтмони хонаҳо барои осебдидагон аз офати табиию даргирии марзӣ - акс

Мақомоти маҳаллии вилоятҳои Суғду Хатлон аз ҷараёни сохтмони хонаҳо барои осебдидагон аз офати табиӣ ва даргириҳои марзӣ гузориш доданд
Sputnik
Даргирии марзии охири моҳи апрел бо Қирғизистон ва офатҳои табиии аввали моҳи май дар Тоҷикистон дар баробари талафоти ҷонӣ, талафоти зиёди моддӣ гузошт, аз ҷумла даҳҳо манзили истиқоматӣ дар шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон хароб шуданд.