КДАМ Қирғизистон собиқ раиси Ҳукуматро бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт кард

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, аз боздошти собиқ раиси Ҳукумати ин кишвар хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Сарвазири пешини Қирғизистон, Омурбек Бабанов дар робита ба парвандаи фасодкорӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи "Кумтор" боздошт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Кумита таъкид намудааст, ки феълан таҳқиқи ин парвандаро идома медиҳад. Пештар аз бозпурсии Бабанов хабар дода шуда буд. Вай бо моддаи 319 "Коррупсия" -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон айбдор мешавад.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ афзудааст, ки оммаро аз натиҷаҳои таҳқиқи ин парвандаи ҷиноӣ огоҳ мекунад.
Бабанов аз октябри соли 2011 то моҳи сентябри соли 2012 сарвазири Қирғизистон буд. Қаблан алайҳаш ду парвандаи ҷиноӣ – яке барои баромадаш дар маҳаллаи “Амир – Темур” – и Ош ва дигаре барои омодагӣ барои ғасби ҳокимият тариқи зӯроварӣ кушода шуда буд, ки феълан таҳқиқоташ қатъ шудааст.
Пас аз боздошти Отамбоев: Бабанов ба Қирғизистон бозгашт - акс
Моҳи марти соли равон хабар дода шуд, ки ба далели набудани зарар ба манофеи давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон парвандаҳо қатъ шудаанд. Дар зимн тавре КДАМ хабар дода буд, Бабанов барои дастгирии буҷаи давлат 100 миллион сом ба хазинаи давлат дод.
Додситонии кулли Қирғизистон қаблан барои фасодкорӣ зимни созиши коркарди кони тиллои Кумтор парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буд.
Зикр гардид, ки аз соли 1992 то 2019 баъзе шахсони мансабдори баландпоя ва дигар мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ ва роҳбарияти ҶСК “Қирғизалтин” бо мақсади ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ ва дигар манфиатҳо якчанд созишнома бастаанд, ки дар натиҷа, ба давлат миллиардҳо доллар зарари моддӣ ва хисороти ҷуброннопазир ба муҳити зист расид, иттилоъ дода буд котиботи додситонӣ.