Сарвазири Бритониё пинҳонӣ бо Кэрри Симондс издивоҷ кард - акс

Ба тӯйи Борис Ҷонсони 56-сола ва арӯси 33-солаи ӯ танҳо 30 нафар даъват шуда буданд. Маросим дар калисои Вестминстер баргузор шуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва арӯси ӯ Кэрри Симондс издивоҷ карданд, менависад рӯзномаи Sun.
Қайд карда мешавад, ки маросим дар калисои Вестминстер баргузор шуд. Ба он танҳо 30 меҳмон, аз ҷумла падар ва хоҳари сарвазир даъват шуда буданд.
Ҷонсони 56-сола ва арӯси 33-солаи зери навои мусиқии классикӣ аз назди ҳозирин гузашт карда, савганд ёд карданд ва ҳамдигарро бӯсидаанд.
"Ин ҳама хеле махфӣ ва бодиққат тарҳрезишуда буд. Ин танҳо сирри онҳо буд, ки маросимро чунин махсус кард", - гуфт як манбаъ аз наздикони хонаводаи Байден.
Маросим 1,5 соат давом кард. То ин муддат собор баста буд.
"Вай бениҳоят хушҳол буд, хеле хуб ба назар мерасид ва дар тан либоси хеле зебо дошт. Ҳангоме ӯ меомад вай аз арӯс чашм намеканд. Онҳо ба ҳам назр мекарданд ва баъд ҳамдигарро бӯсиданд. Онҳо хеле ошиқ ба назар мерасиданд", - менависад нашрия аз қавли яке аз кормандони калисо.
Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон гирифтори коронавирус шуд
Ин севвумин издивоҷи Борис Ҷонсон аст. Зану шавҳар аллакай як писар, Вилфред доранд, ки моҳи апрели соли гузашта таваллуд шудааст.