ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Хабари дар рӯди Душанбе ғарқ шудани як наврасро кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулода соати 15:32 дақиқаи рӯзи 27 май қабул намуданд.
Котиботи кумита хабар медиҳад, наврасро кормандони наҷот расо 23 дақиқа пас аз дарёфти хабар, аз об зинда ва саломат берун оварданд.
Ин ҷавон дар дарёи Душанбе оббозӣ намудаву ғарқ шудааст, вале хушбахтона дар садди як бетон дармонду дигар ба тарафе ҳаракат карда натавонист.
Манбаъ мегӯяд, барои аз марг наҷот додани мавсуф, сардори раёсат, муовини ӯ ва дастаи махсуси зудамал ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Наҷотбахшон пас аз берун овардани наврас аз об ӯро ба волидонаш супурданд.
КҲФ аз тамоми меҳмонону шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар мавсими оббозӣ аз эҳтиёт кор гиранд ва ҷони худро дар хатар нагузоранд.