ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар Душанбе амалиёти "Кӯкнор-2021" оғоз гардид, хабар медиҳад Агентии мубориза бо маводи нашъаовар.
Бино бар иттилои манбаъ, 28 май дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2021” баргузор гардид.
Амалиёти мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июн то 30 ноябр роҳандозӣ мешавад.
Мақсади он ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда миёни табақаҳои мухталифи аҳолӣ маҳсуб мешавад.
Дар ҷаласа ситод иҷрои дастуру супоришҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон зарурати баргузории амалиёти мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситодҳои кории амалиёти “Кӯкнор-2021” ташкил мешаванд.
Дар кори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2021” намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.