27 май — Sputnik. Ҳаракати радикалии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба мустақар шудани пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар кишварашон роҳ надиҳанд.
Ин изҳоротро "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар робита бо хабарҳои зиёди расонаҳо дар бораи нақшаи Амрико аз ташкили пойгоҳҳояш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ироа кардаанд.
РИА новости менависад, ки матни изҳорот дар ихтиёри расона қарор дорад.
"Мо борҳо изҳор дошта будем, ки замини мо зидди амнияти кишваре истифода нахоҳад шуд, мо низ аз дигарон хоҳиш мекунем, ки замин ва фазои ҳавоиашонро зидди кишвари мо истифода накунанд", - омадааст дар изҳороти радикалҳои афғон.
"Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳушдор ҳам додаанд, ки дар сурати акс, "масъулияти тамоми бадбахтӣ ва мушкилиро онҳое хоҳанд бар дӯш гирифт, ки ба чунин хатогиҳо роҳ медиҳанд" ва аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват мекунанд, ки ба ҳудуди кишварҳояшон кӯшунҳои хориҷиро роҳ надиҳанд.
Ёдрас мешавем, пештар мудири Хадамоти иктишофи хориҷии Русия Сергей Наришкин ишора карда буд, ки ИМА мехоҳад қӯшунҳояшро аз Афғонистон берун овардаву дар кишварҳои ҳамсоя бо он ҷой кунад, то дар кишвари исломӣ нуфузашро гум накунад.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи махсуси президенти Русия дар мосили Афғонистон Замир Кобулов мегӯяд, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Амрико мустақар нахоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, на Тоҷикистон, на Ӯзбекистон муроҷиати расмии Амрикоро дар бораи сохтани пойгоҳи низомӣ дар кишвар нагирифтаанд.
Маъмурияти Байден эълон кард, ки 11 сентябр соли равон Амрико пурра нерӯҳояшро аз хоки Афғонистон берун меорад.
Дар ҳоли ҳозир вазъи амниятӣ дар Афғонистон мушкил гашта, муборизаи нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҳаракати "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) идома дорад.
Нерӯҳои миллии мудофиа ва амнияти Афғонистон дар сар то сари кишвар амалиётҳои ҳарбӣ оид ба мубориза бо тероризм мебаранд.
Дар охири феврали соли 2020 дар Қатар намояндагони амрикоӣ ва толибҳо нахустин бор пас аз 18 соли низоъ созишномаи сулҳро имзо карданд.
Бино бар санади мазкур, ИМА ба баровардани нерӯҳояш оғоз мекунад ва дар вақт, ҳукумати Афғонистон ва "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба гуфтушунидҳои сулҳ оғоз кунанд.