Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизҳо ба чорвои сокини Хоҷаи Аъло ҳамла намуда, соҳибашро боздошт кардаанд

Барои раҳоии сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ҳоло марзбонони кишвар талош доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май – Sputnik. Марзбонони Қирғизистон Қурбонбой Зобиров, як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳро боздошт кардаанд
Ҳодисаи боздошти ин сокини Хоҷаи Аъло аз сӯи марзбонони қирғиз, бегоҳии дирӯз баъди он, ки ду сар чорвои калони шохдор (гов) ба чарогоҳҳои ҷониби ҳамсоякишвар гузаштанд, сурат гирифтааст.
Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдори Исфара дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки шоми дирӯз 26 май, марзбонони қирғиз барои убури чарогоҳ ду сар гови сокинони наздимарзии Хоҷаи Аълоро захмӣ намудаанд.

“Вақте Қурбонбой Зобиров аз ин ҳол бохабар шуда, барои наҷоти чорвояш рафтанӣ мешавад, сарҳадбонони қирғиз ӯро мавриди боздошт қарор медиҳанд”, - гуфт Шомадов.

Аз деҳаи Хоҷаи Аъло низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ҳамдеҳаашон ҳамзамон мавриди зарбу лат қарор гирифтааст.
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ мегузарад– гузориши вижа
Ба гуфти онҳо як сар чорворо мурдаву дигарашро пойшикан дарёфт кардаанд.
Дар бораи ин рухдод сокинони шаҳри Исфара дар шабакаҳои иҷтимоӣ, иттилоъ дода, акси чорвои аз сӯи қирғизҳо кушташударо нашр намудаанд.
Шарҳи расмии ин ҳодиса низ ҳоло аз суи ҷонибҳо нашр нашудааст.
Муносиботи Душанбею Бишкек бар асари ҳаводиси ахири марзӣ сард шуд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
“Бидуни огоҳӣ”: муроҷиатномаи мақомоти тоҷик ба мардум баъди қарори Қирғизистон
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон марзҳояшро боз бо Тоҷикистон баст
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ду рӯз пеш иттилоъ дод, ки тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст. Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонирд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.