Борон ва раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

Дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат мебораду раъду барқ ба амал меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон пешгӯӣ мешавад.
Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз боришоти зиёд ва селхезӣ: кадом минтақа дар хатар
Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши сусти борон дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Маълум шуд, кай оилаҳои осебдида аз сел дар Тоҷикистон ба хонаҳои нав медароянд
Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.