ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон ба 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек иҷозаи идомаи сафар надодаанд
Тибқи иттилои хабаргузории "Парс тудей" ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, 200 нафар аз ин мусофирон бо ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ба Бишкек омада ва қарор буд ба Русия парвоз кунанд.
Ҳамчунин 100 мусофири дигар аз Русия ба Қирғизистон ворид шуда ва қасд доштанд ба Тоҷикистон раванд.
Идораи ҳавопаймоии шаҳрвандии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки дар бораи баста шудани марзи Тоҷикистону Қирғиистон иттилоъ надорад.
Аз сӯи дигар консули сафорати Тоҷикистон дар Бишкек Абӯбакр Шодиев гуфтааст, ки дар ин маврид вориди музокира бо мақомоти Қирғизистон шуда ва талош мекунад, ки ин мушкил ҳал гардад.
Рӯзи 24 май нахуствазири Қирғизистон Улуғбек Марупов дар сафар ба ноҳияи Чонолойи вилояти Ош дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон эълом кард, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи ду кишвар, тамоми гузаргоҳҳои марзӣ баста боқӣ хоҳад монд.
Ҳукумати Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кардааст, ки рафту омад аз марз бо Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои ду кишвар ва аъзои хонаводаҳои онон, кормандони ниҳодҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбе ва Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ имконпазир аст.
Бояд гуфт бино бар хабари охири расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон, ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр", ки бо 200 мусофир дар фурудгоҳи Бишкек нишаста буд, ба далели мухолифати Қирғизистон ба вуруди тоҷикон маҷбур шуд, мусофиронашро субҳи 26 май ба Душанбе бозгардонад.
Ёдовар мешавем, 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад. Нофаҳмиҳо нахуст аз сангандозӣ оғоз ёфту сипас ба тирпаррониву задухӯрдҳои шадид гузашт. Сабаби таниши ахири марзӣ тақсимоти оби “Головной” гуфта мешавад.
Бар асари даргириҳо даҳҳо нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва садҳои дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ҳоло вазъият мӯътадил арзёбӣ мешавад.