Бонки Эсхата вориди бозори молиявии ВМКБ мешавад

Бонки Эсхата тасмим гирифтааст, ки дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон намояндагии худро ифтитоҳ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо роҳбарияти бонки Эсхата ташкили шӯъбаи минтақавии бонки Эсхата дар шаҳри Хоруғро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар мулоқоти Ёдгор Файзов бо намояндагони бонки мазкур дастрасии аҳолӣ ба қарзҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддат ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Зикр шудааст, ки фаъолияти бонки Эсхата дар дигар минтақаҳои кишвар хеле хуб ба назар мерасад.
“Бонки Эсхата яке аз бонкҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор маҳсуб ёфта, ба сегонаи беҳтарин бонкҳои кишвар шомил аст. Он аз 21 филиал ва 163 адад маркази хизматрасонии бонкӣ иборат мебошад”, - омадаст дар иттилоия.
Маблағи муштариёни “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” пардохт мешавад: кай ва чӣ гуна
Ҳукумати ВМКБ зикр кардааст, ки то ҳол гарчанде фаъолияти бонк дар минтақаҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе хуб ба назар мерасад, дар вилоят ҳанӯз намояндагие надорад.
Ёдгор Файзов бо зикри ин ҳолат, барои беҳтар гардонидани хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон ташкили шуъбаи минтакавии бонки Эсхата дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғро саривақтӣ хондааст. Ӯ барои ҳамкориҳои судманд ба хотири беҳбуди зиндаги аҳолии вилоят изҳори сипос намуда, намояндагони бонк низ дар навбати худ барои пазироии самимӣ ба раиси вилоят миннатдориро баён намуданд, таъкид шудааст дар иттилоия.
Вуруди бонки ҷадид ба бозори молиявии ВМКБ дар ҳолест, ки дар ин минтақа солҳои қабл бештар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” фаъол буданд, ки ба далели мушкилоти молӣ ахиран аз ҷониби Бонки миллӣ барҳам дода шуданд.