ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун “Дар бораи ваколатдорони марзӣ”- ро мавриди бозбинӣ қарор додааст.
Бар тибқи пешниҳодҳо, КДАМ Қирғизистон мебояд, сокинони наздимарзиро бо силоҳи сабук ва низомӣ таъмин намояд, менависад Kloop.
Дар ҳуҷҷат омадааст, сокиноне бояд бо силоҳ таъмин шаванд, ки мақоми “ваколатдорони марзӣ” - ро дошта бошанд.
Тибқи қонунгузорӣ, ин мақомро ба шаҳрвандон танҳо КДАМ вогузор мекунад.
Феълан, тибқи қоидаҳои амалкунанда, додани силоҳи низомӣ дар Қирғизистон ба "ваколатдорони марзӣ" пешбинӣ нашудааст.
Дар айни замон, шаҳрвандонро танҳо барои кӯмак ба марзбонон дар ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ ҷалб мекунанду халос.
Ёдовар мешавем, 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад. Нофаҳмиҳо нахуст аз сангандозӣ оғоз ёфту сипас ба тирпаррониву задухӯрдҳои шадид гузашт. Сабаби таниши ахири марзӣ тақсимоти оби “Головной” гуфта мешавад.
Бар асари даргириҳо даҳҳо нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва садҳои дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ҳоло вазъият мӯътадил арзёбӣ мешавад.