Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Жириновский ҳунарнамоии Манижаро дар Евровидение - 2021 шармовар хонд

Мақоми Манижа Сангинро дар ҷашнвораи мусиқии Евровидение - 2021 ҳарчанд баъзеҳо воло хонда ба ӯ таҳсину офарин мехонданд, вале Владимир Жириновский баромади намояндаи Русияро шармовар хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Роҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия, Владимир Жириновский зимни мулоқот бо ҷавонон дар даври ниҳоии озмуни кадрҳои дохилиҳизбии "Роҳбарҳои ҲЛДР 3.0", ҳунарнамоии Манижа Сангинро дар озмуни Евровидение - 2021 шармовар хонд.

"Ҷои нӯҳум шармандагӣ аст! Кишвари бузург - ва ҷои нӯҳум! Барои пирӯзӣ ҷаззобият лозим аст. Танҳо баромада, даҳон кушодан - овози зебо, мусиқӣ, калимаҳо арзиш надорад... Ҷаззобият лозим аст", - афзудааст Жириновский.

Сиёсатмадори рус инчунин пирӯзии овозхон Томас Нойвиртро, ки дар нақши зани ришдор Кончита Вурст дар соли 2014 баромад намуда буд, мисол оварда гуфт, ӯ барои ғолиб омадан дар ин озмун чунин нақшро бозӣ кард.
Зимнан, Жириновский шояд иштибоҳан, Манижаро "Машина" гуфта, афзуд, ки набояд ӯро ҳамчун намояндаи Русия ба ин ҷашнвора роҳ дод.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Бозгашти Манижа, ашкрезӣ ва насиҳати Алла Пугачёва: барои ҷой нахон – видео
"Аммо иҷозат доданд ва акнун ҷойи 9 - умро ишғол кард. Ҳоло кӣ барои ин кор ҷавоб медиҳад? Дар Италия боз озмун доир мешаваду намояндаи онҳо соли гузашта низ ғолиб меояд, аммо мо пирӯз намешавем", - бо ҷаҳл афзудааст вакили рус.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи рок Måneskin аз Италия бо суруди Zitti e buoni ғолиби Евровидение - 2021 дониста шуд.
Манижа, ки дар рақами 5 дар финал бо суруди Russian Woman баромад кард, бо 204 хол дар ҷои 9-ум қарор гирифт.