"Ош бе сабзӣ ҳам мешавад!": маслиҳати корбарон барои поён овардани нархи бехӣ

Сокинони Тоҷикистон чанд рӯзи ахир дар бозорҳо ба рекорди нави гароншавии нархи маҳсулот рӯбарӯ шуданд: сабзӣ 5 баробар қимат шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Арзиши сабзӣ дар Тоҷикистон, ки дар заминҳояш фаровон мерӯяд, тайи чанд рӯзи ахир ба таври бесобиқа гарон шуд.
Ба гуфтаи сокинони кишвар, феълан 1 кило сабзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон то 10 сомонӣ арзиш дорад.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ менависанд, ки сабзӣ дар бозорҳояшон бамаротиб гарон шудааст.

Омори гароншавии арзиши сабзӣ

Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, арзиши як кило сабзӣ дар аввали сол дар шаҳри Душанбе 1 сомониву 90 дирам буд. Миёнаҳои моҳ то 5 сомониву 30 дирам боло рафт, имрӯзҳо бошад бо гузаштани қариб як ҳафта то 10 сомонӣ арзиш дорад.
Дар шаҳри Хуҷанд, авали сол ба ивази 1 сомониву 30 дирам метавонистанд 1 кило сабзӣ харанд. Бино бар иттилои Агентии омор, 17 май нархи миёнаи сабзӣ дар бозорҳои шаҳр то 7 сомониро ташкил медод, имрӯз ба марзи 10 сомонӣ расидааст.
Сабзӣ коред: Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии "Сомонҷон" дидан кард
Дар вилояти Хатлон, авали соли равон 1 кило бехӣ 2,5 сомонӣ буд, мобайнҳои моҳи май ба 6 сомонӣ расид, феълан дар ин минтақа низ то 10 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар Хоруғ, ВМКБ, ки аслан ин намуди сабзавод аз дигар минтақаҳо ворид мешавад, аввали сол 2 сомониву 20 дирам арзиш дошт ва мобайнҳои моҳи ҷорӣ то 6 сомонӣ гарон шуд.

Аз ҳама минтақаи арзон , бино бар додаҳои агентӣ, шаҳри Истаравшан будааст, ки аввали сол дар ин шаҳр як кило сабзӣ 1 сомонӣ буда моҳи равон то 7 сомонӣ гарон шудааст. Ёдрас мешавем, дар ин минтақа деҳқонон сабзиро фаровон мекоранд.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта арзиши сабзӣ агар аввали сол 1 сомониву 90 дирамро ташкил медод, охири сол то 1 сомониву 65 диграм поён омада буд.
Ҳамин тавр, имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи арзиши сабзиро танз кардаанд.
Сокинон аз гароншавии дигар намуди маҳсулот гӯшт, равған ёдрас шуда, гуфтаанд, ки акун вақти он расидааст, ки палавро бидуни сабзӣ пухт.
Ёдрас мешавем, барои омода кардани яке аз хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, оши палав сабзӣ аз маҳсулотҳои калидӣ ба ҳисоб меравад.
Дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон одатан шоми панҷшанбе ва якшанбе оши палав омода мекунанд. Корбарони шӯхтабиат гуфтаанд, ки акнун ин одатаро бояд танзим кард.
"Мардҳо шаби ҷумъаву душанбе ош фармоиш надиҳанду таҳқиқ кунанд, ки чаро арзиши сабзӣ гарон шудааст", - менависад як корбари Фейсбук Масъуда Ақилова.
Корбари дигари Фейсбук бар он аст, ки хӯрокҳои миллии тоҷикӣ бо назардошти арзиши маҳсулот бояд тағйир дода шаванд.
Истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон ба беш аз 1,1 миллион тонна расонида мешавад
"Руйхати хурокҳои миллиро аз нав тартиб диҳед, ки дар онҳо истифодаи гушт, равған ва сабзӣ набошад", - менависад Нусратуллои Назариён.
"Дар бозори мо ҳам имрӯз арзиши сабзӣ 9 сомонӣ буд", - менависад корбаре бо лақаби Тоҷикистони озоди ман.

Баҷои палав, угропалав

Бархе корбарон хӯрокҳои миллии дигарро ёдрас шудаанд, ки дар ҳолати набудани сабзӣ метавон онро истифода кард.
"Ба пухтани угропалав гузаред. Бача будем, агар сабзӣ намеёфтем, модарамон угропалов мепухтанд", - менависад Холиқназар Ҷумъаев.
Бархе корбарон дар боло рафтани арзиши бехӣ деҳқононро "гунаҳкор" баровардаанд, ки ин намуди сабзавотро имсол кам коштаанд.
Комментарии в сети Facebook
"Соли гузашта картошка қимат шуда буд, имсол ҳама деҳқонон картошка кориданду сабзиро фаромӯш кардаанд. Соли дигар баракс мешавад, ё пиёз қимат мешавад", - менависад корбари Фейсбук.

Худатон коред!

Як корбари дигари Фейсбук ба сокинони маслиҳат додааст, ки аз заминҳои наздиҳавлигиашон истифода кунанд, дигар ба бозор ва шикоят аз нархи он ниёз намемонад.
"Барои арзон кардани маҳсулоти бозор, мо бояд худамон кӯшиш кунем. Заминҳои наздиҳавлигӣ бекор намонанд, сабзӣ, карам, картошка, пиёз, лӯбиё коред. Барои серҳосил кардани замин қабати болоии онро коркард кунед, поруи дар офтоб сӯхта, хазон, пӯчоқи пиёз, хокистар, омехта кунед. Ҳосил се карат афзун мешавад", - менависад Юлчӣ Ашӯров, як муҳоҷири тоҷик.
Тоҷикистониён дар куҷо кор мекунанд ва чӣ қадар маош мегиранд?
Ман аз таҷрибаи яке аз агрономҳои машҳури Тоҷикистон, омӯхта будам. Ҳавлии 6 сотиха оилаи 8 нафараи онҳоро мехӯронд. Ягон ваҷаб замин бекор намехобид. Дар масоҳати 50х50 см кабудӣ, 50х50 см қаламфур, 1м1 булғор, мош, лӯбиё, пиёз, картошка, сабзӣ, ҷуворимакка, карам, лаблабу ва ғайра кошта буданд. Аз бозор танҳо биринҷ, равған, гӯшту орд - тамом, таъкид кардааст вай.

"Мо рӯи ҳавлиро бо гули даҳрӯза оро медиҳему аз нарху навои бозор нола. Замона бо ту насозад, ту бо замона соз - мегӯянд. Як дона сабзӣ ва ё як дона қаламфури худатон кумак ба худатон аст. Мо дар Маскав қаламфур, кабудӣ ва лимонро дар хона парвариш мекунем", - афзудааст Ашӯров.

Арзон мешавад

Коршиносони тоҷик ёдрас мешаанд, ки сабзӣ дар Тоҷикистон маҳсулоти ватанӣ буда, аз хориҷ ворид намешавад (ва ё агар шавад танҳо аз Ӯзбекистони ҳамсоя).
Бехиро дар ҷануби Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷололиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Фархор ва дар шимоли Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан парвариш мекунанд.
Коршиносон бар онананд, ки феълан боло рафтани арзиши бехӣ танҳо аз фасл вобаста аст. Сабзии тирамоҳӣ феълан қариб тамом шудаасту баҳорӣ камчин аст.
Ба гуфтаи онҳо ин вазъ дер намекашад ва дар авалҳои моҳи июн бо фаровон шудани ҳосили баҳории сабзӣ нарх поён меояд.