ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Намояндаи Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Рухшона Нарзуллоева узви Шӯрои иҷроияи Федератсияи ҷаҳонии бадминтон – BWF интихоб шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, маҷлиси солонаи BWF 22 май баргузор шуда, роҳбарият ва аъзои Шӯрои иҷроия барои чор соли оянда – 2021-2024 интихоб гардиданд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, маҷлиси солонаи BWF 22 май баргузор шуда, роҳбарият ва аъзои Шӯрои иҷроия барои чор соли оянда – 2021-2024 интихоб гардиданд.
“Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки намояндаи Федератсияи бадминтони Тоҷикистон аз миёни чандин номзадҳо бо 182 овоз узви Шӯрои иҷроияи Федератсияи ҷаҳонӣ интихоб гардид, - иброз намуд раиси Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯраев.
Ба иттилои раиси Федератсияи бадминтони Тоҷикистон, Рухшона ягона узви Шӯрои иҷроияи BWF аз ҳудуди минтақаи Осиёи Марказӣ ва дуюм аз ҳудуди собиқ давлатҳои ИҶШС мебошад.
Дар ҷаласа Пул-Эрик Ҳойер дигарбора ба мақоми президент, Хунинг Патама Лисвадтракул ва Пол Курзо ноибони президент интихоб гардиданд.
Ин дар ҳолест, ки солҳои охир намуди варзиши бадминтон дар ҷумҳурӣ майли рушд дошта, мусобиқаҳои гуногуни минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронда мешаванд.
Дар сабқати ҷумҳуриявии охир, ки бо иштироки беш аз 100 бадминтонбоз дар маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз ҳама зиёд варзишгарони тими Хатлон-1 медал гирифтанд.