4 сарбозу як милисаро бо пулемёт паронд: боздошти сокини Варзоб барои ҷинояти 26 сол пеш

Кормандони милиса як ҷинояти одамкуширо ошкор намудаанд, ки соли 1995 иттифоқ афтодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Кормандони милиса мардеро боздошт намуданд, ки 26 сол пеш дар қатли чор сарбозу як пулис даст доштааст.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздоштшуда сокини деҳаи Деҳмалики ноҳияи Варзоб мебошад.
Ин ниҳод ному насаб ва маълумоти бештар дар мавриди боздоштшударо нашр накардааст.
Хӯҷа - Командир дар таҷовуз ба номус ҳам муттаҳам мешавад
Манбаъ танҳо синну соли нафари муттаҳам дар қатли 5 нафарро овардааст, ки 50 сол доштааст.
Гуфта мешавад, номбурда санаи 13 майи соли 1995 ҳангоми дар дидбонгоҳи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод қарор доштанаш бо истифода аз пулемёти тамғаи “Калашников” чор нафар хизматчии ҳарбӣ, сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қатл расондааст.
Ҳамчунин аз тири ин мард, як корманди ШВКД дар ноҳияи Нуробод низ кушта шудааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида,, тафтишот идома дорад.