ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Русия омода аст, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муқобила бо таҳдидҳое, ки аз Афғонистон сар мезананд, кумаки низомӣ расонад, гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко дар суҳбат бо шабакаи телевизионии Россия-24.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
"Он ҷо пойгоҳи низомии Русия ҷойгир аст, ки дар сурати зарурӣ ва мавриди таҳдид қарор гирифтани Тоҷикистон, метавонад истифода шавад", - таъкид кард ӯ.
Инчунин, ба ҳама кишварҳо, дар сурати равон кардани дархост, кӯмак расонида мешавад.
"Мо омодаем имкониятҳои худро ба ҳамаи кишварҳое пешниҳод кунем, ки хоҳиши гирифтани хизматрасониҳои мувофиқро доранд", - гуфт ӯ.
Ба гуфти ӯ, барои Русия, Афғонистон масъалаи стратегӣ аст, зеро аксари кишварҳо аъзои ҷомеаи амнияти дастаҷамъӣ ҳастанд ва Федератсияи Русия омода аст ба онҳо кумак расонад, таъкид кард Руденко.
Инчунин, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ изҳори итминон кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд амнияти марзҳо ва амнияти дохилии худро бидуни ҳузури нерӯҳои ИМА дар қаламрави худ таъмин кунанд.
Қаблан Руденко низ қайд карда буд, ки сармоягузории Русия ба иқтисоди Осиёи Марказӣ тақрибан 50 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Вай қайд кард, ки минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Русия дар фазои АвруОсиё буд ва мебошад.