ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Озмуни Евровидение метавонад фаъолияти ҳунармандро "дафн" кунад, мегӯяд овозхони рус Алексей Чумаков.
Ба андешаи ӯ, Евровидение озмуне нест, ки арзиши ҷидду ҷаҳди ҳунармандро дошта бошад.
Чумаков таъкид кард, ки ҳеҷ як намояндаи Русия, ба истиснои Дима Билан, дар дигар кишварҳо шӯҳрат пайдо накардааст.
Евровидение, ба гуфтаи Чумаков, муваффақияти кӯтоҳмуддат меораду халос.
Аммо, Полина Гагарина, Сергей Лазарев ва дигар ҳунармандоне, ки солҳои пешин Русияро дар ин озмун намояндагӣ мекарданд, натавонистанд дар хориҷи кишвар шӯҳрат пайдо кунанд.
“Тавре ки таҷриба нишон медиҳад, агар ҳунарманд пирӯз шавад, қаҳрамон мешавад, агар ҷои авалро нагирад, ӯро гӯр мекунанд", - мегӯяд Чумаков.
Ба гуфтаи ҳунарманд, тамғаи "мағлубшуда" тамоми ҳаёт аз домани ҳунарманд хоҳад гирифт ва дар карйераи вай метавонад нуқта гузорад.
Сароянда намехостаааст дар Евровидение иштирок кунад.
Ба гуфтаи ӯ, "на барои муваффақияти зудҳангом дар рақобати шубҳанок мубориза бурдан, балки барои диққати одамоне, ки маро аллакай дӯст медоранд, мубориза бурдан хеле муҳимтар аст."
Чумаков қайд кард, ки ӯ метавонад бо навиштани сурудҳои босифат, намоишҳои хуб ва фиреб накардани тамошобин дили мухлисонашро ба даст орад.
"Иштирок дар Евровидение барои иҷрои ҳеҷ як аз ин нуктаҳо кумак намекунад", - таъкид мекунад ҳунарманд.
Чумаков Евровиденияро озмуни сиёсӣ номид. Вай таъкид кард, ки истеъдоди иштирокчӣ ба натиҷаи ҷаҳонӣ таъсир намерасонад.
Ғайр аз он, ҳунарманд овозхонеро номбар кард, ба фикри вай, Русияро метавонад дар Евровидение сазовр намояндагӣ кунад - ӯ Александр Паноётов аст.