Ба 7 пизишке, ки дар марги Марадона муттаҳам мешаванд, то 25 соли зиндон таҳдид мекунад

Додгоҳ, кори гурӯҳи табибоне, ки ба Марадона кумак мерасонданд, "нокифоя", "номукаммал" ва "бепарвоёна" арзёбӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Тафтиши марги футболбози маъруфи Аргентина, Диего Марадона ба поён расид, менависад хабаргузории Sport Box.ru.
Ба гузориши манбаъ, дар марги Марадона 7 нафар муттаҳам дониста мешаванд.
Зикр мегардад, ин 7 нафар пизишконе ҳастанд, ки барои кумак расондан ба футболбоз, ба хонаи ӯ ташриф оварданд, аммо мадади онҳо бенатиҷа анҷомид.
Диего Марадона - номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол даргузашт: 61 сол дошт
Дар гузориши додситон қайд шудааст, ки кори ин гурӯҳ табибон "нокифоя", "номукаммал" ва "бепарвоёна" буда, ба онҳо аз 8 то 25 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Қаблан, дар марги Марадона, табиби ӯ, Леополдо Лукеро муттаҳам медонистанд. Ҳатто хона ва ҷойи кори Луке кофтукобу ташхисҳои футболбози марҳум ва ҳуҷҷатҳои дигар дар робита ба маризии ӯ барои тафтишот гирифта шуд.
Худи пизишк он замон тамоми иттиҳомотро нисбати худ рад намуда гуфт, "дар марги Марадона на ӯ ва на табиби дигар гунаҳкор аст".
Ёдовар мешавем, Диего Марадона рӯзи 25 ноябри соли 2020 дар синни 60- солагӣ аз дунё гузашт.