ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Иштирокчии Евровидение - 2021 аз Русия Манижа аз мухлисон даъват кард, ки ба Исландия ва Молдова овоз диҳанд.
Дар ин бора Манижа дар сториси Instagram - аш гуфт.
Зодаи Тоҷикистон, дар ҷараёни даври дуюми нимниҳоӣ, иштирокчиёни озмунро мухлисӣ мекард ва ҳатто видеоеро дар шабакаи иҷтимоӣ нашр кард.
Ҳамин тавр, Манижа ду маротиба муштариёнро даъват кард, ки аввал ба Исландия ва сипас ба иштирокчӣ аз Молдова овоз диҳанд.
"Исландияро дастгирӣ кунед. Рақами 8", - навиштааст ӯ.
Вақти баромади иштирокчӣ аз Молдова, ӯ ҳамчунин даъват кард, ки ба ҷонибдорӣ аз шогирди овозхони рус, Филипп Киркоров - Наталя Гордиенко овоз диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Роттердам даври дуюми нимфиналии озмуни Евровидение - 2021 баргузор шуд ва пас аз он маълум шуд, ки овозхон Манижа дар финали озмун зери рақами панҷум баромад мекунад.
Ғолибони марҳилаи дуввум Албания, Сербия, Булғористон, Молдова, Португалия, Исландия, Сан-Марино, Швейтсария, Юнон ва Финландия буданд.
Пештар маълум шуд, ки яке аз аъзои гурӯҳи Daði og Gagnamagnið аз Исландия ва намояндаи Полша, гирифтори коронавирус шудаанд. Сарояндагон аз Руминия ва Малта, ки дар як меҳмонхона бо онҳо зиндагӣ мекарданд, ҳамроҳ ба худинзивоӣ рафтанд.
Ғайр аз ин, бо сабаби коронавирус, овозхон Монтен аз Австралия омада натавонист.
Даври ниҳоии Евровидение - 2021 рӯзи 22 май дар Роттердам баргузор мешавад.