Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Бонкҳои Қирғизистон қарзҳои сокинони осебдидаи Бодкандро бахшиданд

Ғайр аз он, яке аз ширкатҳои қарзии хурд эълом дошт, ки ният дорад дар деҳаи марзӣ нуқтаи ёрии тиббӣ созад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Се бонк ва як ширкати қарзии хурд қарзҳои қирғизистониҳоеро, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ дар минтақаи Бодканд осеб диданд, бахшид, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти намояндагии Девони вазирон дар минтақа.
Як бонк ба сокинони минтақа ба маблағи 2 миллион сом кумаки башардӯстона расондааст. Вай қарзи 17 ҷабрдидаро бахшида, фоизи се нафари дигарро паст кард ва ба як сокини деҳа, ки хонааш сӯхтааст, 25 ҳазор сом ҷудо кардааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Путин ва Ҷабборов дар Сочи вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунанд
Бонки дуввум 2 миллиону 284 ҳазор сомро ба суратҳисоби намояндагӣ гузаронида, қарзи хизматчии ҳарбии фавтидаро бахшидааст, ҳисобкунии фоизҳо барои ҳафт нафари дигарро барои шаш моҳ боздоштааст.
Бонк инчунин барои қарздиҳии имтиёзнок ба сокинони деҳаҳои Максат, Оқ - Сой ва Көк-Тош 10 миллион сом ҷудо кардааст.
Бонки сеюм қарзҳои нӯҳ шаҳрвандро бахшида аз ҳисоб баровард (ду нафар фавтид ва хонаҳои ҳафт нафари дигар сӯхтанд). Кормандони ташкилот ба ҷабрдидагон ба маблағи беш аз 100 ҳазор сом кумаки моддӣ расонданд.
Ширкати қарзии хурд қарзи 130 нафар шаҳрвандони Қирғизистонро бахшидааст. Ғайр аз ин, ба оилаҳои 36 шаҳрванди кушташуда ба ҳар кадом 25 ҳазор сом ва оилаҳои маҷрӯҳон 10 ҳазор ҷудо карда шудааст.
Аз тавсифи Раҳмон ва Нурӣ то наҷоти Гулрухсор: суҳбати Акаев дар бораи ҷангу сулҳ - видео
Ширкати дигари қарзии хурд дар бораи нияти сохтани нуқтаи ёрии тиббӣ дар яке аз деҳаҳои наздисарҳадӣ иттилоъ додааст.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Шарҳи Тошиев дар бораи долон ба Ворух, харитаҳои пешин ва гуфтушуниди алоҳида
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.