Алишер Усмонов саховатмандтарин сарватманд номида шуд

Ба радабандии нави Rich List - 15 шахси саховатманди Русия дохил шуданд. Усмонов аз миёни русиягиҳо пешсаф буда дар сатри шашум, ҷой гирифтааст. Сарвати ӯро 13.406 миллиард фунт стерлинг ҳисоб карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Рӯзномаи бритониёии Sunday Times рӯйхати сарватмандтарин одамони Бритониёи Кабирро тартиб дода, соҳибкори русиягии ӯзбектабор, Алишер Усмоновро саховатмандтарин доро номидааст, гузориш медиҳад РИА Новости.
Тибқи иттилои нашрия, танҳо дар соли 2020 ӯ ва ширкатҳояш 500 миллион фунт стерлингро (706 миллион доллар) хайр кардаанд ва ҳаҷми умумии хайрияҳои сарпараст дар тӯли солҳои рейтинги Rich Rich аз 4,2 миллиард фунт (5,9 миллиард доллар) зиёд аст.
Ӯзбекистон бастаи аввали ваксинаи Спутник V-ро гирифт: нисфи пулашро Алишер Усмонов дод
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, маблағи умумии фиристодаи соҳибкор барои мубориза бо COVID-19 дар Русия, Ӯзбекистон ва Итолиё 134,2 миллион фунт (190 миллион доллар) - ро ташкил додааст.

"Бо хайри беш аз 4,2 миллиард фунт аз сарвати шахсӣ ва тиҷорати худ дар тӯли таърихи 20-солаи рӯйхати Sunday Times Giving, Усмонови 67-сола саховатмандтарин хайрхоҳи радабандӣ аст, ки танҳо соли гузашта беш аз 500 миллион фунт стерлинг хайр кардааст" - омадааст дар хабарномаи Sunday Times.

Ба радабандии нави Rich List - 15 шахси саховатманди Русия дохил шуданд. Усмонов аз миёни русиягиҳо пешсаф буда дар сатри шашум, ҷой гирифтааст. Сарвати ӯро 13.406 миллиард фунт стерлинг ҳисоб карданд.
Мақоми ҳаштумро Роман Абрамович бо дороии 12,1 миллиард фунт стерлинг гирифтааст. Дар бистгонаи беҳтарин инчунин муассиси ширкати "Alfa Group" Михаил Фридман (сарвати ӯ - 10,8 миллиард фунт), узви Шӯрои директорони LetterOne ва шӯрои нозирони "Alfa Group" Ҳерман Хон (7,2 миллиард фунт) ворид шуданд.
ВАО: Алишер Усмонов масъули бахши амнияти президенти Ӯзбекистон шуд
Инчунин, дар рейтинг муовини пешини вазири алоқаи Русия Денис Свердлов бо дороии 6,1 миллиард фунт, муассисони студияи бозии Playrix Игор ва Дмитрий Бухман бо дороии 5,6 миллиард фунт, саҳмдори LetterOne Holdings аз консорсиуми Alfa Group Алексей Кузмичев (5, 5 миллиард фунт) ном бурда шудаанд.
Дар баробари ин, созандаи барномаҳои шиносоии Badoo Андрей Андреев, ҳамсари собиқ шаҳрдори Маскав Юрий Лужков - Елена Батурина ва роҳбари стартапи Revolut Николай Сторонский ва директори собиқи Толяттиазот Владимир Махлай ба радабандӣ ворид шудаанд.