ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Дар мулоқоти дуҷониба, президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев эҳтимоли бад шудани вазъ дар Афғонистонро дар робита бо хуруҷи нерӯҳои эътилоф қайд карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
"Манфиати ҷонибҳо ба идомаи ҳамкорӣ дар форматҳои гуногун дар мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳонӣ тасдиқ карда шуд", - гуфт Раҳмон пас аз мулоқот бо раҳбари Қазоқистон, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад.
Роҳбарони ду кишвари Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ тақвият медиҳанд.
Раҳмон қайд кард, ки дар музокирот ба масъалаи амнияти минтақавӣ диққати махсус дода шуд.
Ҷонибҳо оид ба мушкилоти Афғонистон мубодилаи афкор карданд ва "тамоюли эҳтимолии бад шудани вазъро дар робита бо хуруҷи нерӯҳои эътилоф қайд карданд."
Тавре президенти Тоҷикистон қайд кард, ҷонибҳо рушди вазъ дар Афғонистонро пайгирӣ карда, ба тарафдории идомаи ҳамоҳангии зич байни хадамоти махсус ва шӯъбаҳои махсуси ду кишвар сухан гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки сафари раисҷумҳури Қазоқистон ба Душанбе ду рӯз идома хоҳад кард.