Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон хостори озодии чор шаҳрванди боздоштшудаи хеш шуд

Раиси ноҳияи Лайлак Алмосбек Раҳмонқулов ин матлабро дар дидор бо раиси ноҳияи Бобоҷони Ғафуров, Зафарбек Давлатзода матраҳ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Қирғизистон хостори озодии чор шаҳрванди боздоштшудаи хеш шудааст. Дар ин бора "Парс тудей" дар истинод ба расонаҳои Қирғизистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манобеъ, раиси ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон озодии чор сокини ин минтақаро, ки дар боздоштгоҳи муваққати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешаванд, хостор шуд.

"Раиси ноҳияи Лайлак Алмосбек Раҳмонқулов ин матлабро дар дидор бо раиси ноҳияи Бобоҷони Ғафуров, Зафарбек Давлатзода матраҳ кард", - менависад манбаъ.

Манбаъ меафзояд, дар ин дидор ҳамчунин дар бораи гаштзании муштараки нерӯҳои интизомии ду кишвар барои таъмини амният дар рустоҳои марзӣ, тарзи истифода аз чарогоҳҳо ва манобеи оби муштарак ва ҷилавгирӣ аз танишҳо ва даргириҳои эҳтимолӣ баҳсу табодули назар шуд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Лавров: Русия аз ҳалли низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол кард
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Боздиди Аҳмадзода аз сохтмони манзилҳои харобшуда дар марз ва тақсими либос ба сокинон
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.