Суҳбати дусоата: аз мулоқоти Лавров ва Блинкен чӣ ҳосил шуд - видео

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен нахустин бор дар Рейкявик мулоқот карданд
Sputnik
Гуфтушунид дар ҳошияи ҷаласаи вазирони Шӯрои Арктика баргузор шуд.
Тақрибан ду соат дипломатҳо дар бораи муносибатҳои Русияву Амрико сӯҳбат карданд.
Онҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба, суботи стратегӣ, "Маҷрои Шимолӣ - 2" ва дурнамои мулоқоти президентҳоро баррасӣ карданд.
"Маҷрои Шимолӣ" - барои баъд. Чаро Байден дар мулоқот бо Путин ба Олмон ниёз дорад
Баъдтар, Лавров ба саволи рӯзноманигорон дар бораи розӣ будани Маскав ба гуфтушуниди Владимир Путин ва Ҷо Байден бо шӯхӣ посух дод.
"Мо гумрук нестем, ки иҷозат диҳем" - гуфт Лавров.
Қаблан Ҷо Байден пешниҳод карда буд, ки президенти Русия тобистони имсол як ҳамоиш баргузор кунад.
Шӯхии Лавров дар бораи дидори Путин ва Байден
Ин пешниҳод дар пасманзари бад шудани муносибатҳои Русияву Амрико садо дод, аммо ҷонибҳо то ҳол дар бораи мулоқот ба созиш нарасидаанд.