Ёздаҳ голи Шукрона дар як бозӣ: "Зебо" “Нушофарин”-ро бо ҳисоби 18-0 шикаст дод

Дар Тоҷикистон чемпионати чоруми футбол байни дастаҳои занона оғоз ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футбол, дар ин мусобиқа 10 даста - "Зебонисо" (Душанбе), "Хатлон" (Бохтар), "Суғд" (Суғд), "Конибодом" (Конибодом), "Зебо" (Дӯстӣ), "Бешкент" (Носири Хусрав)), Чашма (Шаҳритус), Равшан (Кӯлоб), Ҳосилот (Фархор) ва "Нушофарин" (Бохтар) иштирок мекунанд.
Дар даври аввал, қаҳрамони феълии кишвар, тими пойтахт “Зебонисо”, дар майдони худ бар “Бешкент” бо ҳисоби 4: 1 ғолиб омад.
Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам
Дастаи “Зебо” -и минтақаи Дӯстӣ дебютанти чемпионат “Нушофарин”- ро бо ҳисоби калон - 18: 0 шикаст дод. Дар ин бозӣ танҳо Шукронаи Ҷумъахон ёздаҳ гол задааст.
Ҳазамон дар ин мусобиқа “Конибод” бар “Чашма” (7: 0), “Суғд” бар “Равшан” (4: 3) ва инчунин “Хатлон” бар “Ҳосилот” (8: 0) ғолиб омадааст.