ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Дар ҷанубу ғарби Маскав байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон занозанӣ рух додааст, иттилоъ медиҳад ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии Маскав.
Сарраёсат афзуд, ки иттилоъ дар бораи задухӯрди гуруҳӣ дар хиёбони Вернадский, хонаи 39 шоми 18 май ба идораи пулис ворид шуд. Маъмурини пулис, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд, муайян намудаанд, ки дар занозании гуруҳӣ 15 нафар, ки дар як қаҳвахона қарор доштаанд, иштирок кардаанд.
Манбаъ афзудааст, ки иштирокдорони занозанӣ шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон буда, шаш нафари онҳо бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд. Нуҳ нафари дигар барои таҳқиқ ба идораи милиса оварда шудаанд.
Манбаъ афзуд, ки дар идораи пулис ду нафар барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ва 7 нафар барои майдаавбошӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Таъкид шудааст, ки муноқиша байни хориҷиён бар асари хусумати шахсӣ авҷ гирифта, ангезаи маишӣ дорад.
Қаблан дар пайи таниши марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон намояндагони ҷамъиятҳои ҳар ду кишвар аз муҳоҷирон даъват карданд, ки таҳаммулпазир бошанду вориди муноқишаҳои қавмӣ нагарданд.