Амрико мехоҳад дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии бузург бунёд кунад

Мақомоти Амрико барои таҳияи лоиҳаи пойгоҳҳои низомӣ дар 20 кишвар тақрибан 250 миллион доллар ҷудо кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони пойгоҳи низомии Амрико имконпазиир аст. Дар ин бора иттилоъ додааст RT дар истинод ба як манбаъ дар артиши ИМА.
Тибқи ин санад, Вашингтон ният дорад дар 20 кишвари Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пойгоҳҳои низомӣ бо тамоми инфрасохторҳои лозима бунёд кунад.
Барои мисол дар пойгоҳи низомӣ бояд ҳатман фурудгоҳҳо, роҳи автомобилгард, бемористонҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои обрасонӣ ва ғайра сохта шавад. Пойгоҳҳо бо перон ва бонди фурудгоҳ бояд муҷаҳҳаз бошанд.

"Шартҳои техникӣ бо хизматрасониҳо маҳдуд намешаванд" - таъкид доштааст манбаъ.

Ҳукумати Амрико барои таҳияи ин лоиҳа 240 миллион доллар ҷудо кардааст. Шартнома бо пудратчиён барои панҷ сол баста мешавад. Онҳо вазифадоранд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пойгоҳи низомӣ низ бунёд кунанд.
Боз як пойгоҳи низомии дигари Амрико ба артиши Афғонистон супурда шуд
Бо вуҷуди ин, Вашингтон метавонад ба мақсадҳои худ нарасад. Ин бори аввал нест, ки Амрико чунин изҳорот медиҳад, аммо дар асли кор ин иқдомҳо амал намешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2004 пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки бузургтарин пойгоҳи низомӣ берун аз Русия аст, дар Тоҷикистон сохта шуда буд.
Ғайр аз он, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров зимни сафари ахираш ба Тоҷикистон эълом дошт, ки дар марз бо Афғонистон як посгоҳи нав сохта мешавад.
Ҳамин тариқ, Маскав дар амал кумакҳои заруриро ба Душанбе дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир идома хоҳад дод.